77-88
Маркази тамос
RU EN
Утоқи шахсӣ

Дар бораи лоиҳаи «NERU»

Лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳи музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (NERU) бо мақсади иҷроиши Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025, Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023 – 2027 ва Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар ҷумҳурӣ, барои солҳои 2023 – 2028 равона карда шудааст.

Лоиҳаи «NERU» аз 3 зернизом иборат аст:

  • Таваққуфгоҳҳои музднок (Cityparking);
  • Нуқтаҳои барқдиҳанда (Neru);
  • Бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (Shohin).

Таваққуфгоҳҳои худкор - ҷиҳати бартараф намудани таваққуфи бесарусомон, пешгирии тамбашавиҳои тулонӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳаракат ва бехатарии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва пиёдагардон равона шудааст.

Нуқтаҳои барқдиҳанда – бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ барои воситаҳои нақлиёти барқӣ, рушди додани иқтисоди сабз, таъмини энергияи миллӣ ва дар муҳлати кутоҳ бо барқ таъмин намудани онҳо равона шудааст.

Бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ – ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳо ва бақайдгирии саривақтии онҳо равона шудааст.