77-88
Маркази тамос
RU EN
Утоқи шахсӣ
logo

Дар бораи Лоиҳа

Лоиҳаи Шоҳин чунин намуди ҳуқуқвайронкуниҳоро ба қайд мегирад:

  1. Суръати муқарраршудаи ҳаракатро зиёд кардани ронанда
  2. Итоат накардани ронанда ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар
  3. Ба самти муқобили хати ҳаракат баромадан
  4. Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ
  5. Риоя накардани талаботи нишонаҳои қисми роҳ

Ҳамчунин имконият дорад, ки ҳуқуқвайронкуниҳои мазкурро ба қайд гирад

  1. Набастани камарбанди бехатарӣ
  2. Истифодаи телефонҳои мобилӣ зимни идора кардани воситаи нақлиёт
  3. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҷойҳои манъшуда
  4. Таваққуф кардан дар ҷойҳои манъшуда

Тибқи нақша дар пойтахт дар 135 чорроҳаҳо ва нуқтаҳои муайяни роҳҳои автомобилгард бояд зиёда аз 317 камераҳои худкори назоратӣ васлу насб карда шаванд.

Мақсади асосии лоиҳа – таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути таҷҳизотҳои махсус, ки дар кучаҳои Душанбе насб гардидаанд.